Иди Сайиди Қурбон муборак бошад ҳамватанони азиз/

Иди Қурбон омаду дар макка Ҳаҷҷи Акбар аст,
Дӯстро табрик кардан суннати Пайғамбар  (с) аст.

Бо камоли эҳтиром мардуми шарифи Тоҷикистонро бо омад омади Иди Сайиди Қурбон самимона табрику муборак бод намуда аз даргоҳи Аллоҳи Зоти Поки Бузург мағфирати гуноҳон ҳидоят ва устувори дар дин саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоем.
Бигзор Аллоҳи Зоти Поки Бузург  аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад.

Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар ҳалқи Исмоили Пайғамбар  (А.С) ниҳод,
Баъд аз он бар мӯъминонаш иди Қурбон офарид.

Бо таманнои амри шави орзуҳои нек ҳамаи шумоён ва кулли мусалмонони дунёро ба муносибати Иди Сайиди Қурбон самимона табрику муборак бод гуфта бароятон хӯшҳолии рӯзгор дастархони пурнозу неъмат барори кору комёбиҳои беназир Сулҳу Ваҳдат ва файзу баракатро таманно менамоем.

Иди Сайиди Қурбон муборак бошад ҳамватанони азиз.