16 ноябр — Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва оғози фаъолияти агрегати якуми НБО «Роғун»

НБО “РОҒУН” – МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДИ ТОҶИКИСТОН

Замоне буд, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷаҳолату худхоҳии гуруҳе аз кӯтаҳандешон, ки барояшон манофеи шахсию гуруҳӣ бартар аз манфиатҳои миллию давлатӣ меистод, месӯхт. На танҳо иқтисоди кишвар, ки ҳатто пояҳои давлати нав ба Истиқлол расида заиф шуда буданд. Хавфи берун шудан аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва ё тақсим шудан ба чанд қисмате Тоҷикистонро таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз нафаре лозим буд, ки баҳри дифои арзишҳои миллию давлатӣ ва наҷоти мамлакат аз заволи тадриҷӣ сина сипар карда, парчами ковиёниро дар муқобили заҳҳокони манқурт боло намояд ва фаридунвор халқу давлатро аз марги муфоҷо наҷот бахшад.
Ба бахти кулли тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстону некхоҳони давлати мо фарзонафарзанди халқу миллат, нафаре, ки барояш миллат, давлат, Истиқлол, Ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, субот, пешрафт, халқ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мафҳумҳои муқаддас буданд, зимоми давлатро ба даст гирифт. Ҳанӯз аз нахустин лаҳзаҳои раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан ин марди шариф таъкид намуд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва воқеан ҳам тавонист дар як муддати назди таърих кутоҳ сулҳу суботро дар кишвар барқарор созад. Истиқрори сулҳу ваҳдати комил дар мамлакат бузургтарин неъмати даврони Истиқлол ва натиҷаи донишу муҳаббати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки на танҳо хатари заволи мамлакатро аз байн бурд, ки ҳамчунин рушди устувори кишварро таъмин кард ва имрӯзу ояндаи пур аз нусрату муваффақиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро асос гузошт.
Собиқ дабири кулли СММ Кофи Аннан таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил намуда, гуфта буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.”
Ҷорҷ Буш, собиқ Президенти ИМА пойдории сулҳу иттиҳод дар кишвар, наҷоти давлат аз вартаро маҳсули заҳмату тафаккури бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, мефармояд: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташаннич ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу миллаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд…”
Пас аз истиқрори сулҳу ваҳдати комил дар кишвар ва таъмини амнияту суботи сиёсӣ Пешвои муаззам ва беназири миллат барои рушди иктисодию иҷтимоии кишвар ва таъмини зинадагии шоиста ба ҳар як шаҳрванд муҳимтарин тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаву музди маошу нафақа даҳҳо маротиба боло бардошта шуд. Барои таҳсил ва фаъолияти ҷавонон дар Тоҷикистон муассисаҳои гуногуни таълимӣ ифтитоҳ ва имтиёзҳои махсус муайян карда шуданд. Дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ кишвари мо иқдомоти созандаро татбиқ намуда, дар ин ҷода низ муваффақ шуд, ки албатта натиҷаи хираду дониш ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Эҳё ва ба кор даровардани бузургтарин иншооти аср – НБО “Роғун”, ки ҳанӯз соли 1930 нақшакашии он оғоз гардидаву пас аз 30 сол, соли 1960 корҳои омӯзишӣ дар он шуруъ шуда буданд, натиҷаи донишу тафаккур ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки лоиҳаи бунёди ин нерӯгоҳи барои миллату давлати мо хеле муҳим солҳои тӯлонӣ амалинашаванда ба назар мерасид, вале маҳз бо ташаббус ва фидокориҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд.
Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ рӯзи таърихӣ, пурнишот ва хеле муқаддас аст. Дар ин рӯзи саид мардуми ва ҷаҳониён шоҳиди як рӯйдоди бисёр муҳим – оғози фаъолияти агрегати аввалини ин нерӯгоҳи бузург мешаванд. Пас аз оғози фаъолият НБО “Роғун” Тоҷикистон  кишварҳои ҳамҷаворро метавонад аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ бахшад. НБО “Роғун” бо тавлиди 17 млрд килватт/соат нерӯи барқ, 13, 3 км мукааб захираи об, баландтарин сарбанд дар олам – 335 метр, бузургтарин иншооти аср ва муҳимтарин дастоварди мардуми мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Бигзор нури Роғун то абад равшангари хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва дӯстони мамлакати тавонои мо бошад!

Дилшод ЗОКИРОВ,
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ.