Вохури бо вакилони мардуми.

Дар таърихи 13.03.2019 дар бинои Консулгарии Чумхурии Точикистон дар шахри Санкт-Петербург вохурии вакилони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Шариф Рахимзода, Рачабова Лутфия ва Рачабов Сафарали бо фаъолони чамъиятхои точикони шахр, донишчуени точики донишгоххои Санкт-Петербург ва мухочирони мехнатии точик баргузор гардид. Дар ин мулокот хамчунин Консули генералии Чумхурии Точикистон дар шахри Санкт-Петербург Давлатали Назризода, котиби якуми консулгарии генерали Шамсиддин Козиев, корманди намояндагии вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар ФР Шодибой Тураев, рохбари диаспораи “иттиходияи халкхои Помир” Бахтибек Бердов, рохбари чамъияти донишчуен “МОСТ” Аминчон Абдурахимов, рохбари ташкилоти чавонони “СМТ” Бобур Фармони ва хамчунон рохбари чамъияти точикистониёни мукими Санкт-Петербург «АЧАМ» Мурод Усмонов ширкат доштанд. Вакилони мардуми асосан дар бораи тараккиёти самтхои иктисоди: фаъолияти агрегати якуми НОБ-и Рогун, дустии кишвархои Точикистону Узбакистон, баланд шудани ММД дар соли 2018, таъсиси минтакаи нави иктисоди дар шахри Кулоб ва оид ба баланд бардоштани сохаи маориф ва сатхи ичтимоии мардум накл карданд. Мавзуи дигар ин мухокимаи падидахои террористию экстремисти, бахусус хизби нахзати ислом, паймони милли ва дигар равандхои номатлубе, ки чавонони точикро мехоханд бо роххои фиреб ба сафи худ чалб намоянд, гардид, ки аз тарафи мехмонон бисёр хуб тавзех дода шуд. Дар охир иштирокчиёни гирдихамои ба вакилони мардуми барои чунин як вохурии пурмухтаво миннатдории худро баён намуданд.