Муроҷиати диаспораҳои тоҷикони муқими Федератсияи Россия

Ба суроғаи мо муроҷиати як қатор роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии муқими Русия, оид ба вазъияти паҳншавии коронавирус расид.“TAJINFO” тасмим гирифт, ки муроҷиатномаи мазкурро бе таҳрир ба самъи ҳамватанон расонад. 

Муроҷиати диаспораҳои тоҷикони

муқими Федератсияи Россия

Ҳамватанони гироми! Мо ба ҳамаи бародарону ҳоҳарони тоҷик, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муроҷиат менамоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чандест, тамоми дунё ба вабое бо номи коронавирус мубтало гаштааст. Аз ин вабо ҳазорҳо нафар ҳалок гардида, миллионҳо гирифтор шудаанд. Мутаассифона, касе намедонад, ки он боз чанд вақт идома меёбад ва ҷони чанд ҳазори дигарро мебарад.

Исбот шуд, ки дар муқобили ин пандемия ягон давлати абарқудрати дунё бо тамоми иқтидору бомбаҳои атомӣ ва ҳавопаймову киштиҳояш истодагарй карда наметавонад. Миллиардҳо пули сарватмандону олигархҳо низ онҳоро аз вабо халос намекунад.

Дар чунин шароити вазнин мо шоҳиди он гаштем, ки аксарияти кулли давлатҳову миллатҳо, қавму халқиятҳо, дину мазҳабҳо, коммунисту демократҳо, либералу радикалҳо ба кӯмаки ҳамдигар шитофтанд, якдигарро дилбардорӣ карданд, аз фалокати ҳамдигар таассуф хӯрданд. Панди Саъдии бузургвор, ки «Бани одам аъзои якдигаранд» баъди садсолаҳо дар амал тасдиқ шуд.

Дар баробари ин, мутаассифона гуруҳаку ашхоси алоҳидае низ аз худ дарак доданд, ки пастиву разолат, бадхоҳиву кинаҷӯй, фитрати пасту касофати ботинашонро тамоми дунё дид. Ин фирқа одамакон дар аксари давлату миллатҳо ҳастанд, вале мо мехоҳем танҳо ба ҳаммиллатон ва ҳамватанони хеш муроҷиат кунем.

Шумо шоҳид ҳастед, ки дар натиҷаи бастани марзҳо ҳазорҳо нафар мусофиру муҳоҷир, сайёҳу корафтода дар кишварҳои хориҷа банд монданд. Тоҷикони мо низ, бахусус муҳоҷирон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштанд. Мақомоти Тоҷикистон ба қадри имкони хеш бо ҳафт парвоз аз Россия, ду парвоз аз Хитой, ду парвоз аз Туркия ва як парвоз аз Дубай шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан баргардонданд. Аммо мутаассифона, ҳудудан сад шаҳрванди ҶТ дар фурудгоҳҳои Россия дармонданд. Ин боиси шӯру валвала дар ВАО ва сомонаҳои иҷтимой гардид. Дар баробари чандин ҳамватани баномус ва саховатпешаи мо, ки ба ин мусофирон беғаразона кӯмак карданд, боз чандин ҳангомаҷӯю воҳимачии дигар аз фурсат истифода намуда, хостанд «холи сиёсй» ба даст оранд. Аксари мо онҳоро хуб мешиносем ва медонем, ки ин лошахӯрон ҳама вақт дар ҷустӯҷуи ҳамин гуна ҳангомаву овозаҳои бардурӯг мебошанд. Ҳатто ҳамватани бонанги мо Идиев Меҳриддин, ки чандин мусофирро кӯмак кардааст ба ин «ҳомиён» муроҷиат карда гуфт, ки ӯ ин корро ба хотири Ватан ва миллат, барои савоб кардааст, аз ин рӯ номи ӯро нагиранд ва аз он сӯиистифода накунанд.

Мо мебинем, ки ҳазорҳо шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ ҳамин ҳолро доранд, вале касе аз ин ҳангома намесозад.

Сомонаҳои тоҷикиро варақ зада, беихтиёр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин гуруҳакҳо дар ҳама ҳолат айб меҷӯянд. Масҷидро банданд, инро иқдоми зидди исломй мехонанд (дар ҳоле, ки ҳатто масҷидҳои Маккаву Мадина баста шудаанд), масҷидро кушоянд боз ҳам инҳо норозиянд. Чунин ба назар мерасад, ки ин тоифа аз он, ки дар Тоҷикистон вирус нест, зиқ шудаанд.

Бародарону хоҳарони азиз! Дар ин рӯзҳои душвор пеш аз ҳама ба ҳамаи муҳоҷирон, ки кору дастмузди худро аз даст додаанд ва зиндагии сангинеро паси сар мекунанд, тамоми миллати мо дар ташвишу таҳлука мебошад, биёед ба ҳам биёем. Миллатро ба ҳукумативу мухолиф, ғармиву кӯлобӣ, тоҷику узбак, наҳзативу коммунист ҷудо насозем, аз як гиребон сар барорем ва барои шукуфоиву солимй, ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз якдилона, сарҷамъона ба қадри кудрату имконоти худ саҳмгузор бошем. Ҳамватанони сарватманд ва қудратманд ба дармондагону ҳоҷатмандон кӯмак кунанд, соҳибқаламону сухангуён мардумро ба муттаҳидй даъват кунанд. Мо дар ҳамбастагй ва якдилй метавонем бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати якдил, боғурур, муттаҳид, бофарҳанг ва мушкилнописандем.

Мо аз тамоми диаспораҳо ва иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия, Қазоқистон, Аврупо, мамлакатҳои араб, Хитой ва ғайра даъват мекунем, ки бо мо ҳамовоз шаванд. Ҳамватанонро сарпарастй ва роҳбарй кунанд, аз ҳоли онҳо бохабар бошанд, . бо сафоратҳо ва мақомоти Тоҷикистон ҳамкорй намоянд. Мо боварии комил дорем, ки ин даъвати мо ба хотири шукуфоии миллат пазируфта мешавад. Тоҷикистон ба пеш!